Лоиҳаи калонҳаҷмест, ки ҳам истеҳсол ва ҳам дистрибутсияро муттаҳид менамояд. Вазифаи он: Ширкати дистрибютории НАВОВАРТАРИН ва бо сатҳи баландтарини хидматрасонӣ дар Тоҷикистон шавад.
Zira Trade маҳсулоти нодир ва беназиро истеҳсол мекунад, ки дар бозори Тоҷикистон дастрас кардан душвор аст: панирҳои тару тозаи итолиёвӣ, аз қабили мозарелла, буррата, страксиателла, рикотта, орди крафтӣ ва навъҳои маъмули қаҳваи бирёншудаи худ - Арабика ва Робуста, инчунин маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ. Дар соли 2023 ба истифода додани гармхона барои парвариши сабзавот, гиёҳҳо, меваю буттамева ба нақша гирифта шудааст.Фаъолияти дистрибютории Zira Trade аз фурӯши маҳсулоти худ барои сегменти HoReCa, инчунин брендҳои маъруф, ба монанди бренди эътирофшудаи ҷаҳонӣ дар истеҳсоли шоколади баландсифат Barry Callebaut, сиропҳо ва пюреҳои бренди фаронсавӣ иборат аст. MONIN, капсулаҳо барои мошинҳои қаҳва - Caffitaly, помидор ва равғани зайтун аз бренди итолиёвии CASTELLO.
Маҷмӯи хидматҳои мо инчунин дар бар мегирад:
- Муассисаҳои хуроки оммаро бо таҷҳизоти пешқадами истехсоли ҷаҳонй таъмин кардан (дастрас ва насб намудан), инчунин тартибдодани лоиҳа ва машварат.
- Таъмини маҳсулоти ошхона аз брендҳои ҷаҳонии UNOX, Apach, Robot Coupe, Fimar, Equip Group.
- Таъмини таҷҳизоти бар аз брендҳои ҷаҳонӣ - La cimbali, Faema, Brema, Juice Master, Vitamix, Hamilton beach, La Marzocco, Fiorenzato.
- Расонидани маҳсулот ҳам ба шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам ба шахсони воқеӣ.
- Тайёр кардани кадрҳо — бо кумаки Ассотсиатсияи рестораторҳои Тоҷикистон.
- Таъмири дастгоҳу таҷҳизотҳо ва кафолати он.