ZIRA GROUP – гуруҳи ширкатҳое мебошад, ки соли 2021 таъсис ёфта, рисолати он рушди соҳаи меҳмондорӣ то ба сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ ва тағйири фарҳанги ғизо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Нигоҳи мо – Татбиқи навгониҳо дар соҳаи меҳмондорӣ ва ғизо!
Дастаи мо аз мутахассисони соҳибистеъдоду эҷодкор иборат буда, ҳамаи онҳо бо ҳавасмандӣ ба хӯрокпазӣ, меҳмондорӣ ва санъат шарик мебошанд. Дар интихоби кормандони худ мо диққати махсус медиҳем ва онҳоро ба омӯзиши мунтазам таъмин менамоем, то ки аз навгониҳои охирини соҳа бохабар бошанд ва тавонанд ба мизоҷони мо маҳсулоту хизматрасонии сатҳи баландро пешниҳод намоянд.
Кӯшиши мо барои дастёбӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар тамоми паҳлӯи фаъолиятамон ифода меёбад. Мо ба сифати маҳсулотҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳем ва барои таомҳои худ маҳсулоти тару тозаро ҷустуҷӯ мекунем ва истифода мебарем. Ҳамчунин, мо ба эстетика ва муҳити биноҳои худ аҳамияти махсус медиҳем, то ки ҳар як меҳмони мо худро ғайриоддӣ ҳис намуда, дар таҷрибаи беназири мо иштирок намояд.
Мо бо фермерҳои маҳаллӣ, истеҳсолотчиён ва молрасонҳо фаъолона ҳамкорӣ намуда худ низ, номгӯи зиёди маҳсулотҳоро истеҳсол мекунем, ва ба ин васила мо соҳибкории маҳаллиро дастгирӣ карда, барои рушди иқтисодиёт мусоидат менамоем. Мо кӯшиш мекунем нафақат дар соҳаи меҳмондорӣ пешсаф бошем, балки қуввае бошем, ки барои рушди устувор ва тараққиёти кишварамон саҳмгузор бошем.