ZIRA

МОЛ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ

Мо кӯшиш менамоем, ки барои муштариёни худ шарики боваринок бошем ва ба онҳо маҷмӯи васеи молу хизматрасониҳое, ки ба стандартҳои баланди сифат ва талаботи инфиродии ҳар як корхона ҷавобгӯ мебошад, пешниҳод созем. Дар самти молрасонӣ дастаи мо маҷмӯи васеъи маҳсулотро пешниҳод менамояд, аз ҷумла маҳсулоти тару тоза барои ғизо, қаҳва, фрэш-панирҳо (панирҳои босифат), маҳсулоти қаннодӣ ва номгӯи зиёди маҳсулоти нонӣ, ҳамчунин кӯмак ба ҳалли масъалаҳои техникӣ барои ошхона ва маҳсулоти таомпазӣ. Мо дар интихоби молрасонҳои худ диққати махсус медиҳем, то ки ба сифат ва тару тоза будани маҳсулот, ки ба муштариёнамон сари вақт расонида мешавад, кафолат диҳем. Илова бар ин, мо хизматрасонии кейтерингро пешниҳод менамоем, то ки таассуроти фаромӯшнашавандаи таомпазӣ дар чорабиниҳои сатҳи гуногун – сар карда, аз вохӯриҳои корпоративию маросими тӯй то чорабиниву фестивалҳои фарҳангӣ фароҳам оварда шавад. Дастаи шеф-ошпазон ва мутахассисони дар ин ҷода моҳири мо бо муштариёнамон кор намуда, баҳри онҳо рӯйхати таомҳои беҳамторо, ки ба тамъ ва хоҳишоти онҳо ҷавобгӯ мебошад, омода сохта, хизматрасонии сатҳи олиро дар ҳар як ҷузъиёт таъмин менамоянд.
Zira trade